СОХТМОНИ ТЕРМИНАЛ МАВҚУФ ГУЗОШТА ШУД

Февраль 10, 2010 12:01

Душанбе,  10  феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). —  Дар  Фурудгоҳи  байналмилалии  Душанбе  сохтмони  терминали   нави  байналмилалӣ  боздошта шуд. Сабаби он  ба  ҳамдигар  мувофиқат накардани  меъёрҳои  сохтмонии  Тоҷикистону  Фаронса  мебошад. Дар  ин  масъала  гуфтушуниди  дуҷониба  давом дорад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки терминали  байналмилалии  Фурудгоҳи байналхалқии  Душанбе  тибқи  паймони  Ҳукумати  Фаронса  ва  Ҳукумати  Тоҷикистон  бунёд  карда  мешавад.  Барои сохтмони он  27  миллион  евро   сарф  карда  хоҳад шуд. Аз  ин  маблағ 20  миллион  евроро  Ҳукумати  Фаронса  ва  7  миллион  евроро  Ҳукумати  Тоҷикистон  ҷудо  мекунад. Сохтмони терминал моҳи  октябри  соли  2009  оғоз  ёфта буд. Он  тибқи  нақша  бояд  соли  2011  дар арафаи  ҷашни  20 – солагии  истиқлолияти  Тоҷикистон  ба  истифода дода шавад.

Февраль 10, 2010 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид