ТАҒЙИРИ ИҚЛИМ ВА КАМБИЗОАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар, Покиза Маҳмадбекова). – 17 уми и феврали соли равон дар Маҷмуаи Давлатии «Коҳи Ваҳдат» дар мавзӯи «Комёбии таҳаввулот? Тағйири иқлим ва камбизоатӣ дар Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор мегардад. Аз рӯи иттилоъи Дафтари Созмони байнулмилалии рушд ва дастгирии ташаббус дар мубориза муқобили камбизоатӣ (Oxfam) дар Тоҷикистон, чорабинии мазкуро шӮъбаи Тоҷикистонии ташкилоти Оксфами Британияи Кабир бо ҳамкории Муассисаи давлатии обуҳавосанҷии Тоҷикистон баргузор мекунад. Дар кори он ҳамчунин, намояндагони Муассисаи давлатии обуҳавосанҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ ва дигар созмону ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмиллалӣ, ки бо ин масъала сарукор доранд, иштирок хоҳанд кард. Мақсади асосии ин чорабинӣ ҷалб намудани диққати ҷомеа ба проблемаи тағйироти иқлим дар Тоҷикистон ва таҳлил намудани натиҷаҳои конференсияи Копенгаген дар бораи тағйирёбии иқлим аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






