ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ДАВОМ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ таҳқиқоти илмиро дар самтҳои ташаккули стратегияи идораи давлат дар шароити тағйир ёфтани сохтори ҷомеа ва проблемаҳои марбут ба танзими давлатии ҷараёни иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон давом медиҳанд, гуфт зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров. Мо ба истиқболи ҷашни 20 – солагии истиқлолиятии давлатии Тоҷикистон қарор додем, ки дар давоми 20 моҳи то ҷашн боқимонда дар мавзӯъҳои гуногун 20 асари илмӣ чоп кунем. Як қисми онҳо асарҳои кормандони марказ мебошанд. 6 нафар корманди марказ соли равон дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фалсафӣ рисолаҳои докторӣ ҳимоя хоҳанд кард, гуфт С.Сафаров. Моҳи майи соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ бо иштироки муассисаҳои илмию тадқиқотии мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти илмӣ гузаронида мешавад. Дар он масъалаҳои муҳимтарини муносибатҳои мамлакатҳои аъзои созмон ва нақшаҳои ояндаи хамкории онҳо муҳокима карда хохад шуд. Ғайр аз ин, моҳи март дар марказ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар низоми манфиатҳои геополитикии давлатҳои минтақавӣ ва абарқудрат» конфронси илмии байналхалқӣ гузаронида хоҳад шуд, зикр намуд дар хотима С.Сафаров.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






