ТАҲТИ РАЁСАТИ Э. РАҲМОН ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТИ ҶТ БАРГУЗОР ГАШТ

Февраль 11, 2010 07:39

Нимаи дуюми рўз 10 феврали соли 2010  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки  дар он беш аз 15 масъалаи муҳим, аз ҷумла фаъолияти ҶСК «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷлис роҳбарияти ҶСК «Нерўгоҳи барқии обии Роғун», ҳамаи ширкатҳо ва ташкилоту муассисаҳои ватанию хориҷии  сохтмонию лоиҳакашии ин иншооти азим ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар соли 2009 ҳисобот доданд. Дар ҳисоботи Директори генералии ҶСК «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» Нурулло Шулашов, аз ҷумла, бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли 2009 дар ин иншооти бузург дар ҳаҷми 532,5 миллион сомонӣ корҳои барқарорсозӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонию васлгарӣ иҷро шудаанд. Айни ҳол ҳар моҳ бо маблағи 40-45 миллион сомонӣ корҳо анҷом меёбанд. Имрўз дар бунёди нерўгоҳи Роғун беш аз 7200 коргару мутахассис, 630 адад мошину механизм ва 59 ширкат ва корхонаю муассисаҳои гуногуни соҳибэътибор машғули коранд. Дар маҷлис ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони тамоми  ширкатҳо ва ташкилоту муассисаҳои лоиҳакашию сохтмонӣ, ки наздики 10 – тоаш аз Федератсияи Русия мебошанд, шунида шуд. Чунонки маълум шуд, барои ҳамаи онҳо шароити хуби корӣ муҳайё гашта, бо ҳаҷми корҳои зарурӣ таъмин мебошанд ва ин боиси қаноатмандӣ ва бо дили гарм заҳмат кашиданашон гаштааст. Аз ҷумла намояндагони Интерстрой — Акмал Усманов, институти Гидропроекти шаҳри Маскави Федератсияи Русия — Николай Кисилев ва Трести гидромонтажи Русия — Алексей Прокопенко аз шароит ва ҳаҷми корҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин таъкид доштанд, ки ният доранд боз мутахассисони зиёди баландпояи ин cоҳаро  аз гўшаҳои гуногуни Федератсияи Русия ба кор даъват кунанд. Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба суръат ва сифати сохтмони нерўгоҳи Роғун таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, дар назди сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, ҶСК «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» ва ташкилоту идораҳои он вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ба сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогашта, таъмини шаффофият дар ин кор ва сарфаю сариштакорӣ таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Сипас дар ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои ду  қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гражданӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010-2011, Низомнома дар бораи тартиби гузарондани ташхиси иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ ва як зумра санадҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуданд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд», Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи иктишофи-геологии ашёи радиоактивӣ» таъсис дода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Февраль 11, 2010 07:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид