ТАҶЛИЛИ 1200 – СОЛАГИИ АЛ — БУХОРӢ

Февраль 10, 2010 14:33

Душанбе,  10  феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Тавре  хабар  дода шуда буд,  шаҳри  Душанбе   дар  соли  2010  пойтахти  фарҳанги  исломӣ  эълон  карда  шудааст.  Дар  робита бо ташаббуси  Кумитаи  иҷроияи  Созмони  исломӣ  дар  масъалаҳои  илму  фарҳанг  ва  маориф, пажӯҳишгоҳҳои  фалсафа  ва шарқшиносии  Академияи  илмҳои  Тоҷикистон имсол 1200  — солагии  рӯзи  таваллуди олими  машҳури дини  ислом,  илоҳиётшиноси  маъруф,  мутафаккири  барҷастаи тоҷик  Албухорӣ таҷлил карда  мешавад. Кормандони ин  муассисаҳои  илмӣ  дар  бораи  ҳаёту  эҷодиёти  Албухорӣ  китоби  алоҳида  таҳия  менамоянд. Ба  ин  муносибат   моҳи  марти  соли  равон  пажӯҳишгоҳҳои  фалсафа   ва  шарқшиносии  Академияи  илмҳо,  вазорати  фарҳанги  ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии   шаҳри  Душанбе  конфронси  илмию  назарӣ  баргузор  хоҳанд  кард. Директори Пажӯҳишгоҳи  фалсафа,  доктори  илми  фалсафа  Абдулвоҳид  Шамолов, ки  муҳаққиқи  эҷодиёти Албухорӣ  мебошад, гуфт, ки  номи  пурраи  олим  Муҳаммад  бинни Исмоил Абӯабдулло  Алҷӯъфӣ  аст.  Ӯ  соли  810  таваллуд  шуда,  соли 870  вафот  кардааст. А.Шамолов  зикр намуд, ки  Албухорӣ  тамоми  ҳаёти  худро  ба  ҷамъоварии  ҳадисҳои  пайғамбар  бахшидааст. Ӯ умуман 200 ҳазор  ҳадис  ҷамъ  овардааст, ки  тақрибан  7397 – тои онҳо  қобили  эътимод  мебошанд. Албухорӣ  ҳадисҳои  худро  дар  китоби «Алҷомеъ вассолеҳ» гирд  овардааст, ки  баъди  Қуръон  китоби  дуюми  муқаддаси  ислом   ба  шумор  меравад. Асари дигари   Албухорӣ «Тафсири Қуръон»  мебошад, ки  то  ҳол  пурра  омӯхта нашудааст,  гуфт  дар  хотима  А.Шамолов.  

Февраль 10, 2010 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд