ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Февраль 22, 2010 10:11

Душанбе,  22  феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия  Саидова). —  Ҳар  сол  21  феврал  дар  саросари  ҷаҳон  Рӯзи  байналмилалии  забони модарӣ  таҷлил  карда  мешавад.  Дар  ин  бора Конфронси  генералии  ЮНЕСКО   моҳи  ноябри соли  1999  бо  мақсади  мусоидат  ба  эътироф ва  ҳимояи забонҳои  модарӣ  ва  пеш  аз  ҳама   забони  ақаллиятҳои  миллӣ  қарор  қабул  карда буд.  Ассамблеяи  генералии  СММ   қарори  мазкурро  дастгирӣ  намуда,   давлатҳои   аъзоро  даъват  карда буд, ки  ба  ҳимоя  ва   нигоҳ доштани  ҳамаи  забонҳои  халқҳои  ҷаҳон  мусоидат  намоянд. Ба  ин  муносибат  19  феврал  дар  шаҳри  Душанбе   ҷамъомади  анъанавии намояндагони  ҷамъиятҳои  миллӣ  дар  мавзӯи  «Нақши  забони  давлатӣ дар   ҳимояи  забонҳои  модарии  ақаллиятҳои  миллӣ» баргузор гардид. Ҷамъомад бо ташаббуси  Комиссияи  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  масъалаҳои  ЮНЕСКО   гузаронида шуд. Раиси Комиссияи  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  масъалаҳои ЮНЕСКО Кароматулло  Олимсов  намояндагони  ҷамъиятҳои  миллиро   ба  муносибати  Рӯзи  байналмилалии  забони модарӣ  табрик намуда,  ба онҳо  барои   ҳимоя  ва   рушди   забону  адабиёт  ва  фарҳанги   миллатҳои  хурд  муваффақият  орзу  намуд. К.Олимов  зикр  кард, ки  дар  шароити  аҳамияти  умумибашарӣ  пайдо  намудани  проблемаҳои  замони  ҳозира  ҳимоя  ва  ҳифзи  забони модарӣ  вазифаи  муқаддаси  ҳар  халқу  миллат  мебошад. Тоҷикистон  барои   тамоми  миллатҳои  сокини  он   ватан  ва  зодгоҳ  ба  шумор  меравад.  Ҳукумати  ҷумҳурӣ барои   нигоҳ  доштан  ва  инкишоф  ёфтани  забонҳои  модарии  миллатҳои  хурд  тамоми  шароитро  муҳайё  сохтааст ва  месозад. Раиси  Бунёди  забони тоҷикӣ,  шоир Усмон Назири  Оташ изҳор  намуд, ки  дар  ягон  моддаи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  забон» мафҳуми «ақаллияти  миллӣ»  зикр  нашудааст. Ин  шаҳодат  медиҳад, ки  забони модарӣ  барои  ҳар  халқ ва  ҳар  миллат  муқаддас  мебошад. Раиси  Ҷамъияти  гурҷиҳои  сокини  Тоҷикистон  Шалва  Коберидзе  гуфт, ки   забони модарӣ  боигарии  ҳар  халқ  мебошад ва  маҳз   забони модарӣ  халқҳо ва  миллатҳоро  ба  ҳамдигар  наздиктар  сохта,  дӯстӣ  ва  ҳамкории  онҳоро  мустаҳкамтар  менамояд. Дар  ҷамъомад  раиси Ҷамъияти  қазоқҳои  сокини  Тоҷикистон  «Бойтерак»  Заура  Саминова,  раиси  Ҷамъияти  куриёгиҳои  Тоҷикистон  Виктор  Ким ва  намояндаи Ҷамъияти  тоторҳои Тоҷикистон «Дӯстлик»  сухан  карданд.  Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки Рӯзи байналмилалии   забони модарӣ  дар Тоҷикистон  аз соли  2005 таҷлил  карда  мешавад.  

Февраль 22, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид