ТАЙЁРИ БА ИНТИХОБОТ
Файзобод. 10 феврал.(АМИТ»Ховар»Зебо Давлатова). — Аз иттилои котиби комиссияи ҳавзаи интихоботии рақами 11 Хурсанд Азимов ба хабарнигори АМИТ»Ховар» маълум шуд,ки то имрӯз 104 участкаҳои интихоботӣ ва комисияҳои участкавии интихоботиро муайян намудаанд.Бо аъзоёни комиссия доир ба тайёри ва гузаронидани интихоботи вакилони маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ машварат гузаронида шуд. Участкаҳои интихоботӣ бо маводҳои зарӯрӣ таъмин карда шуданд.Айни замон номзадҳо аз ду ҳизб,ҲХДТ ва ҲНИ ба қайд гирифта шудааст. У афзуд,ки номзадҳо бо интихобкунандагон вохӯриҳоро дар ноҳияи Файзободу шаҳри Ваҳдат то имрӯз дар байни интихобкунандагон гузарониданд.Даррӯзҳои наздик вакилон бо интихобкунандагони шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод вохӯриҳоро идома доданианд. Ҳамаи участкаҳо корҳои пеш аз интихоботиро оид ба тайёр намудани кабинаҳои овоздиҳӣ, рӯйхатҳо ва сокинони ин ҳавза аз номзади арзандаи вакили Маҷлиси Олӣ, вобаста ба худи овоздиҳанда,тариқи овоздиҳӣ огоҳи доранд. 104 участкаҳои интихоботӣ дар ҳавзаи рақами 11 пурра ба интихоботи дар пеш истода тайёр мебошад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






