ТАЙЁРИИ МАРКАЗИ ГАРМИДИҲӢ ИМСОЛ ЧӢ ГУНА МЕШАВАД?
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳафтаи гузашта баъди 10 рӯзи аз нав фаъолият кардани Маркази гармидиҳии шаҳр – (ДТЭЦ) фаъолияташ аз нав қатъ карда шуд. Тибқи шартномаҳои бо муштариён басташуда, Маркази гармидиҳӣ ӯҳдадор аст муштариёнро дар мавсими тирамоҳ ва зимистон бо оби гарм ва гармӣ таъмин намояд. Дар сурати дар мавсим таъмин накардани муштарӣ бо оби гарм ва гармӣ муштарӣ қисман ва ё пурра аз пардохти маблағ озод карда мешавад, омадааст дар шартнома. Чунон ки маълум шуд, дар мавсими тирамоҳу зимистони соли 2009 – 2010 ҳамагӣ 40 рӯз муштариён бо оби гарм таъмин шуданд ва Маркази гармидиҳӣ шартномаро дар соли сипаришуда дуруст иҷро накард ва муштариёнашро бо оби гарму гармӣ таъмин карда натавонист. Масъалаи дигаре, ки дар назди кормандони Маркази гармидиҳии шаҳр гузошта мешавад, он аст, ки тайёрии он дар мавсими соли 2010 -2011 чӣ гуна мешуда бошад ва ё он дар шартномаҳои нав тағйиру иловаҳо ворид намуда, ӯҳдадориҳои пешинаашро ниҷро намекунад?








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






