ТАРМА РОҲҲОРО БАНД КАРД

Февраль 8, 2010 16:19

Хоруғ, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо) — Тавре навбатдори идораи «Помирнақлиёт» Аноятшоҳ Некқадамов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, субҳи имрӯз дар натиҷаи боридани барфи зиёд роҳҳои мошингарди байни ноҳияҳои Шуғнон — Хоруғ ва Хоруғ — Душанбе дар километри 480 воқеъ дар ноҳияи Рӯшон баста шуданд. Идораҳои роҳсозии вилоят бо истифода аз техника  ба тоза кардани роҳҳо дар минтақаҳои зикршуда оғоз карданд. Дар натиҷа роҳи автомобилгарди Роштқаъла — Хоруғ кушода шуд. Роҳи Душанбе-Хоруғ ҳануз дар километри 480 бастааст. Мувофиқи иттилои идораи нигоҳубини роҳҳои вилоят дар баъзе мавзеҳои роҳи автомобилгарди водии Ғунд (километри 630, 677, 697, 707) низ тарма фаромада, ҳаракати нақлиёт боздошта шудааст. Айни ҳол тозакунии роҳҳо аз барф ва тарма идома дорад.      

Февраль 8, 2010 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд