ТАШАББУСҲОИ ҚАЗОҚИСТОН ҲАМЧУН РАИСИ САҲА

Февраль 22, 2010 14:45

Душанбе,  22  феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Ҷумҳурии  Қазоқистон   ҳамчун  раиси   Созмони амнияту  ҳамкории  Аврупо   дар  соли 2010 ташаббусҳоеро  ба  миён  мегузорад, ки ба  туфайли онҳо  бисёр   проблемаҳои  минтақа  то  андозае  ҳал  карда  хоҳанд  шуд. Ҳадафи  ин ташаббусҳо  мусоидат ба  афзун  гардонидани  самараи  фаъолияти  созмон  дар  таҳкими  суботи  вазъият  ва  амнияти  минтақаи  Осиёи  Марказӣ, истифодаи  имкониятҳои  созмон  дар  рушди  ҳамкории  минтақавӣ,  ҳалли  баъзе  проблемаҳои  экологӣ,   вусъат  бахшидани  ҳамкорӣ дар   соҳаи  нақлиёт,  тақвияти  мубориза ба  муқобили таҳдидҳои  замони  ҳозира,  пеш  аз  ҳама  терроризм  ва паҳн  гардидани  маводи  нашъадор  мебошад. Ташаббуси  асосии  Қазоқистон  ҳамчун  раиси  САҲА  ба  вусъат  бахшидани  транзити  мол  дар   минтақаи  Евразия  ва  шабакаи  роҳҳои  нақлиётии  минтақа  дахл  дорад. Барои  ҳалли  ин   масъала  мулоқоти  18 – уми намояндагони  мамлакатҳои  аъзои САҲА даъват  карда  мешавад. Ташаббуси  дигари Қазоқистон  ҳамчун  раиси  САҲА  ба  муҳокимаи  проблемаҳои  экологӣ  равона  карда  шудааст. Қазоқистон  ният  дорад, ки  аз  имкониятҳои  САҲА  барои  ҳалли проблемаҳои  Баҳри  Арал, истифодаи  оқилонаю  самарабахши  захираҳои об  ва  энергетика  истифода барад. Бо  ин  мақсад  бахшида ба   проблемаҳои  Арал конфросни  махсуси  мамлакатҳои  мададрасон  даъват  карда  мешавад. Қазоқистон  қарор  додааст, ки   дар  соли раёсати  худ  дар САҲА  ба  Афғонистон  низ  кӯмак  расонад. Тибқи  нақша  барои  омӯзиши  ҳазор  нафар  мутахассиси  афғон  дар   мактабҳои олии  Қазоқистон  50  миллион  доллари  ИМА  ҷудо  карда  хоҳад  шуд. Намояндагони  Афғонистон   дар  мактабҳои  олии  Қазоқистон  ихтисосҳои  ғайриҳарбиро  меомӯзанд. Дар  доираи  тақвияти  мубориза ба  муқобили  маводи  нашъадор  соли равон   дар  Вена  конфронси  махсуси Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупо гузаронида  мешавад. Роҳбарияти  Қазоқистон  ҳамчунин  тақвият  бахшидани   муборизаро  ба  муқобили терроризм   дар  доираи  фаъолияти  САҲА  зарур  мешуморад.Тибқи  қарори  қабулшуда соли  2010  дар  шаҳри  Остона   таҳти раёсати  Қазоқистон бо  иштироки  намояндагони  мамлакатҳои  аъзои  САҲА  бахшида ба  масъалаҳои  тақвияти  мубориза ба  муқобили терроризм   конфронси  байналмилалӣ  гузаронида  хоҳад шуд.

Февраль 22, 2010 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд