ВАФОТИ ВЕРА ШЕСТАК

Февраль 9, 2010 14:53

Душанбе,   9  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Наталя  Михайлова). —  8  феврали  соли  равон   Корманди  шоистаи   ҷумҳурӣ Вера  Николаевна  Шестак  дар  синни  61 — солагӣ  вафот  кард. В.Шестак   соли  1949  дар  шаҳри  Душанбе  таваллуд  шуда,   соли  1973 Донишкадаи  давлатии   ба  номи  В.И. Ленинро  хатм  кардааст.  Ӯ   бештар  аз  40  сол   дар  системаи  бонкҳои Тоҷикистон кор  кардааст. Фаъолияти  меҳнатии  В.Шестак  аз  вазифаи  ҳисобчӣ  оғоз  ёфта  буд.  Вай   соли  1995  муовини раиси  Бонки  миллии Тоҷикистон буд.  Мавсуф  аз  соли  2001 то  соли  2004  дар  вазифаи  раиси  Бонки   кишоварзӣ ва  аз  соли  2004  дар  вазифаи раиси  Бунёди  кафолати  пасандозҳои  симоҳои  воқеии  Тоҷикистон  кор  кардааст. В.Шестак  тӯли  фаъолияти  меҳнатиаш  худро  ҳамчун  мутахассиси  варзида, иқтисодчии  моҳир ва  роҳбари  кордон  нишон  дод. Номи ӯ ҳеҷ гоҳ  аз  хотири   ҳамкорон,  дӯстон  ва   шогирдонаш  фаромӯш  нахоҳад  шуд.

Февраль 9, 2010 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд