ВАФОТИ ВЕРА ШЕСТАК
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 8 феврали соли равон Корманди шоистаи ҷумҳурӣ Вера Николаевна Шестак дар синни 61 — солагӣ вафот кард. В.Шестак соли 1949 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1973 Донишкадаи давлатии ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Ӯ бештар аз 40 сол дар системаи бонкҳои Тоҷикистон кор кардааст. Фаъолияти меҳнатии В.Шестак аз вазифаи ҳисобчӣ оғоз ёфта буд. Вай соли 1995 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд. Мавсуф аз соли 2001 то соли 2004 дар вазифаи раиси Бонки кишоварзӣ ва аз соли 2004 дар вазифаи раиси Бунёди кафолати пасандозҳои симоҳои воқеии Тоҷикистон кор кардааст. В.Шестак тӯли фаъолияти меҳнатиаш худро ҳамчун мутахассиси варзида, иқтисодчии моҳир ва роҳбари кордон нишон дод. Номи ӯ ҳеҷ гоҳ аз хотири ҳамкорон, дӯстон ва шогирдонаш фаромӯш нахоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






