ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК БА ВАНКУВЕР МЕРАВАНД

Февраль 2, 2010 11:46

Душанбе,  2 феврал. январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  То  оғози  Бозиҳои  21 – уми  зимистонаи   олимпӣ  дар   шаҳри  Ванкувер  ҳамагӣ  10  рӯз  боқӣ  мондааст.  Ҳайати олимпии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   пагоҳ, 3  феврал  ба   шаҳри  Ванкувер  хоҳад  рафт. Аз  Тоҷикистон  дар  Бозиҳои  зимистонаи олимпии  Ванкувер  2  нафар  варзишгар  иштирок  менамояд. Онҳо   лижаронон – Алишер  Қудратови  24 — сола  ва Андрей  Дригини  32 – сола  мебошанд. Ба  ҳайати  Тоҷикистон  инчунин  Ширин  Мамадсафоев,  Баҳрулло  Раҷабалиев,  Муҳаммадшо  Абдуллоев ва  мураббии  варзишгарон  Олег  Провоторов  шомиланд. Кумитаи  иҷроияи  Кумитаи  миллии  олимпии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қабл  аз  сафари ҳайати  мамлакат  ба  Ванкувер   муайян  менамояд, ки  байрақи  Тоҷикистонро  дар  маросими  ифтитоҳи  бозиҳо  кӣ  ба  майдон  медарорад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки   Тоҷикистон  баъди  ба  даст  овардани  истиқлолияти  давлатии  худ  ду  маротиба  дар  бозиҳои  зимистонаи  олимпӣ — соли  2002   дар   шаҳри Солт – Лейк – Ситии Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  ва  соли 2006  дар  шаҳри  Турини Италия  иштирок  карда буд.

Февраль 2, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид