ВАЗЪИ ЗАБОНИ МУШТАРАКИ КИШВАРҲОИ ФОРСИЗАБОН ДАР ШАРОИТИ ГЛОБАЛИЗАТСИЯ

Февраль 6, 2010 10:04

Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Забони тоҷикӣ-форсӣ дар гузаштаи начандон дур натанҳо забони муошират, балки забони илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ будааст»,  гуфт зимни суханрониаш Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар конфронси илмие, ки 5 феврал таҳти унвони  «Забони тоҷикӣ ва фарҳанги форсизабонон» дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия баргузор гардид. А. Шеърдӯст зикр кард, ки дар мулоқоти Сарони се кишвари форсизабон, ки чанд сол муқаддам дар Душанбе баргузор шуд,  роҳбарони се кишвари форсизабон таваҷҷӯҳи бештари худро ба ташаккули забони муштарак ва фарҳангу тамаддуни давлатҳо, хусусан таъсиси шабакаи муштараки телевизионӣ  дар шароити глобализатсияи ҷомеаи башарӣ равона карда буданд. Ҳамзамон, Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ роҷеъ ба забони муштарак –мероси ниёкон ва мақоми забони тоҷикӣ-форсӣ дар тавсеаи равобити ҳамкориҳои ҳасанаи кишварҳои форсизабон сухан карда, афзуд, ки забони тоҷикӣ-форсӣ, ки таърихи бою куҳан дорад,  дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ рисолати худро иҷро намудааст. Конфронси мазкур бо ибтикори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия  ва Сафорати Эрон дар Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он донишмандони шинохтаи се кишвари форсизабон — Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ширкат намуданд.  Аз ҷумла, донишмандони шинохтаи тоҷик Худоӣ Шариф, Мирзо Муллоаҳмадов, Юсуф Акбарзод ва чанде дигарон роҷеъ ба адабиёти муосир ва фарҳанги форсӣ, таърих, хат  ва таҳаввули фарҳанги форсӣ, вазъи забони тоҷикӣ-форсӣ, рушди минбаъда ва нақши забон дар таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангии се кишвари форсизабон, Қонуни забон ва меъёрҳои  байналмилалии рушди забонҳои миллӣ, вожаҳо ва истилоҳи тоза дар забони тоҷикӣ -форсӣ табодули назар карданд.

Февраль 6, 2010 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад