ВАЗЪИЯТ ВА ШАРОИТИ ЗИНДАГӢ ДАР МАМЛАКАТҲОИ ҶАҲОН
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Созмони ҷамъиятии Бунёди сулҳи Амрико мавқеи давлатҳои ҷаҳонро аз рӯи вазъияти дохилӣ, оромӣ, ташаннуҷи вазъият ва шароити зиндагии мардум муайян намуд. Дар рӯйхати тартибдодаи созмон ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ба чор гурӯҳ – мамлакатҳои дорои вазъияти пуризтироб, мамлакатҳои ноором, мамлакатҳои дорои вазъияти миёна ва мамлакатҳои дорои вазъияти устувор тақсим карда шудаанд. Ба вазъияти мамлакатҳои ҷаҳон бо назардошти пешрафти нобаробари иқтисодӣ, коҳиш ёфтани истеҳсоли мол, ҳокимияти ҷинояткор ё ғайриқонунӣ, фалаҷ гардидани фаъолияти сохторҳои ҷомеа, амал накардани қонунҳо, поймол гардидани ҳуқуқи инсон, ҳокимияти хадамоти махсус ба ҷои давлат, ишғол гардидани қаламрави мамлакат аз тарафи давлатҳои дигар ва дахолати қувваҳои берунии сиёсӣ баҳо дода мешавад. Тибқи рӯйихати созмони ҷамъиятии Бунёди сулҳи Амрико Норвегия, Финляндия, Шветсия, Швейтсария, Ирландия, Дания ва Зеландияи Нав мамлакатҳои оромтарини ҷаҳон шуморида мешаванд. Дар рӯйхати давлатҳои нооромтарин Сурия ҷои аввалро ишғол менамояд. Дар ин қисмати рӯйихат Қирғизистон ҷои 42, Озарбойҷон ҷои 56, Туркманистон ҷои 59, Русия ҷои 71, Туркия ҷои 85, Қазоқистон ҷои 105 ва Муғулистон ҷои 127 – умро ишғол менамоянд. Тоҷикистон дар рӯйхати мазкур ба ҷумлаи мамлакатҳои вазъияташон муташанниҷ дохил карда шудааст. Дар ин қисмати рӯйихат ҷои аввалро Сомали, ҷои дуюмро Зимбабве, ҷои 7 – умро Афғонистон, ҷои 10 – умро Покистон, ҷои 31 – умро Ӯзбекистон, ҷои 37 – умро Тоҷикистон ва ҷои 38 – умро Эрон ишғол менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






