ВАЗЪИЯТ ВА ШАРОИТИ ЗИНДАГӢ ДАР МАМЛАКАТҲОИ ҶАҲОН

Февраль 25, 2010 10:40

Душанбе,  25  феврал. (АМИТ «Ховар»). —  Созмони  ҷамъиятии  Бунёди  сулҳи  Амрико   мавқеи  давлатҳои  ҷаҳонро  аз  рӯи  вазъияти  дохилӣ,  оромӣ,  ташаннуҷи  вазъият  ва  шароити  зиндагии  мардум  муайян  намуд. Дар  рӯйхати тартибдодаи  созмон  ҳамаи  мамлакатҳои  ҷаҳон  ба  чор  гурӯҳ – мамлакатҳои  дорои   вазъияти  пуризтироб,  мамлакатҳои  ноором, мамлакатҳои  дорои  вазъияти  миёна   ва  мамлакатҳои  дорои  вазъияти  устувор  тақсим  карда  шудаанд. Ба   вазъияти  мамлакатҳои  ҷаҳон бо  назардошти  пешрафти  нобаробари  иқтисодӣ, коҳиш  ёфтани  истеҳсоли  мол,  ҳокимияти  ҷинояткор  ё  ғайриқонунӣ,  фалаҷ  гардидани  фаъолияти  сохторҳои   ҷомеа,  амал  накардани  қонунҳо,  поймол  гардидани  ҳуқуқи  инсон, ҳокимияти   хадамоти  махсус  ба  ҷои  давлат, ишғол  гардидани  қаламрави  мамлакат  аз  тарафи  давлатҳои  дигар  ва дахолати  қувваҳои берунии  сиёсӣ  баҳо  дода  мешавад. Тибқи  рӯйихати  созмони  ҷамъиятии Бунёди  сулҳи  Амрико  Норвегия, Финляндия,  Шветсия,  Швейтсария, Ирландия,  Дания ва  Зеландияи  Нав  мамлакатҳои  оромтарини  ҷаҳон  шуморида  мешаванд. Дар  рӯйхати  давлатҳои  нооромтарин Сурия  ҷои  аввалро  ишғол  менамояд. Дар  ин  қисмати  рӯйихат  Қирғизистон  ҷои  42,   Озарбойҷон  ҷои  56,  Туркманистон  ҷои  59,  Русия ҷои  71,  Туркия  ҷои  85,  Қазоқистон  ҷои  105 ва  Муғулистон  ҷои 127 – умро  ишғол  менамоянд. Тоҷикистон  дар  рӯйхати  мазкур  ба  ҷумлаи  мамлакатҳои  вазъияташон   муташанниҷ  дохил  карда  шудааст.  Дар  ин  қисмати  рӯйихат  ҷои  аввалро  Сомали,  ҷои  дуюмро  Зимбабве,  ҷои  7 – умро  Афғонистон,  ҷои  10 – умро Покистон,  ҷои 31 – умро  Ӯзбекистон,  ҷои  37 – умро Тоҷикистон ва  ҷои  38 – умро Эрон  ишғол  менамоянд.

Февраль 25, 2010 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад