ВАЗОРАТИ ҚАРЗДОР
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо сабаби сари вақт ва пурра напардохтани ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби обистифодабарандагон аз чанд идораю ташкилот қарздор монд. Бо назардошти қарзи солҳои гузашта қарзи вазорат ба 189, 4 млн. сомонӣ расидааст,- гуфт вазир – Саид Ёқубзод. Қарзҳои кредитории корхонаву ташкилотҳои зертобеи вазорат ба 251, 2 млн. сомонӣ расидааст. Аз ҷумла қарзи андоз 36,7 млн. сомонӣ, музди меҳнат 5,4 ва қарзи фонди ҳифзи иҷтимоӣ 7,8 млн. сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ба мақомоти Суди ӣктисодӣ ва прокуратура аз маблағи 36,5 млн. сомонӣ, ки ҳуҷҷат бо аризаи даъвогӣ пешниҳод гардидааст, 2,9 млн.ба фоидаи вазорат рӯёнида шудаасту халос.