«ЯКБОР ҶАСТИ МАЛАХАК …»
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар вақти санҷиши аризаи як гурӯҳ шаҳрвандони деҳоти «Гулистон» — и шаҳри Ваҳдат нисбат ба амалҳои ғайриқонунии раиси хоҷагии «Бӯстон» — и ноҳия Зуҳуриддин Саидов ва раиси комиссияи тафтишоти хоҷагии мазкур Фахриддин Шарипов, муайян карда шуд, ки номбурдагон дар давраи фаъолияти кориашон аз соли 2000 – ум то 2007 бо маслиҳати пешакӣ барои ҷудо карда додани замини назди ҳавлигӣ аз ҳар кадом сокини хоҷагӣ дар маҷмӯъ 7 ҳазор доллари амрикоиро аз худ кардаанд. Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ маблағи ба даст овардаи раиси хоҷагӣ ва ҳаммаслаки ӯ барқарор карда шуда, З. Саидов ва Ф. Шарипов бо моддаи 279 қ.4 (ришвадиҳии тиҷоратӣ) ва 295 қ.2 (сӯистифодаи ваколат) – и КҶҶТ аз тарафи суд ба мӯҳлати 5 солӣ ҷазо таъин карда шуда бо татбиқи қонуни ҶТ «Дар бораи авф» озод гардиданд. Айни замон боз дар ҳаракатҳои З. Саидов ва Ф. Шарипов аломатҳои ҷиноятӣ, ки дар моддаҳои 279 қ. 4 ва 295 қ.2 – и КҶҶТ пешбинӣ шудааст, дида мешавад ва Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар ин бора тафтишотро оғоз кардааст. Амалу кирдори онҳо мақоли тоҷикии «Якбор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дастӣ малахак» — ро ба ёд меорад, ки оқибат боз ба даст афтоданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






