ЯРМАРКА БАРОИ БОҒДОРОН
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти ҶТ аз 27 – уми августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2010 — 2014» ҳар сол дар арафаи баҳор ярмарка — фурӯши ниҳоли дарахтони мевадору сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ ва тухми гулу зироатҳоро ташкил мекунад. Бо ин мақсад, 6 – уми феврал дар боғи «Дӯстии халқҳо» ярмарка — фурӯши ниҳолу гулу буттаҳо ташкил ёфт, ки ба ҷуз ноҳияҳои ВМКБ тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ниҳолу буттаҳои парвардаи худ ширкат варзиданд. Ба ярмарка беш аз 100 ҳазор бех ниҳолҳои босамар ва гулу буттаҳои ороишӣ ворид карда шуда буд. Дар назар дошта шудааст, ки дар солҳои 2010 – 2014 дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 50 ҳазор гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда мешавад. Бадии кор дар он аст, ки мардум на ҳамаи ниҳолҳои харидаашонро месабзонанд, Имрӯз харид не, балки сабзондани ниҳол аз ҳама муҳим аст, — иброз дошт ҳангоми баргузории ярмака вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






