ЖУРНАЛИСТ Ҷ. ТОЛИБ ЧӢ МЕХОҲАД?

Февраль 25, 2010 09:24

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Дишодаи Ҷонмард).- Бегоҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ директори «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» Ҷумъаи Толиб нисбати ҳуқуқшиноси Маркази ҳимояи ҳуқуқии «Адвокати Шумо»-и шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Тӯраев ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ барои кушодани парвандаи ҷиноятӣ, ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва нашри узрнома, рӯёндани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ муроҷиат намуд. Сабаби пешниҳод намудани даъво навиштае бо номи «Адолати судӣ ба касе вобастагӣ надорад!» мебошад, ки дар таърихи 1-уми октябри соли 2009 дар ҳафтаномаи «СССР» № 40 (56) бо имзои Абдураҳмон Тӯраев ба табъ расидааст. — А. Тӯраев маро дар ин навиштааш барои аз ҳадди ваколатҳои худ баромадан, моҷароҷӯӣ, бемантиқона сухан гуфтан, ба таҳқиру маҳалчигӣ даст задан, сарфаҳм нарафтани қонун, фишор овардан ба мақомоти судӣ, хезондани ҳангома, ба моҳияти қонун сарфаҳм нарафтан, ба гумроҳӣ бурдани кормандони мақомоти судӣ, пеш гирифтани роҳи қассосу ниқор, монеагӣ ва дахолат ба принсипи адолати судӣ, рафтори ҷинояткорона содир намудан, гунаҳкор ва ғайриқонунӣ ҳисобидани мақомоти судӣ, паст задани мақому мартабаи байналхалқии Тоҷикистон, бадном кардани миллати тоҷик, рӯҳафтода ва ноумед намудани мардум тӯҳмат кардааст. Бинобар ин, аз суд хоҳиш намудам, ки нисбат ба А. Тӯраев тибқи моддаи 135, қисми 2-и Кодекси Ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода, барои паст задани шаъну шараф ва эътибори кории ман дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ рӯёнда, ӯҳдадор карда шавад, ки аз ман тариқи ҳамон рӯзнома узр пурсад,- мегӯяд Ҷумъаи Толиб.  

Февраль 25, 2010 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд