ҲАММОМУ ХАЙМАҲО ВАЙРОН КАРДА ШУДАНД
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар фаъолияти худ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об дар нимсолаи аввали соли 2010, бахшида ба ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», санҷишҳои ҳолати санитарию экологии дарёҳо, каналҳо ва иншооти обтозакунии ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанберо мавриди санҷишу таҳлил қарор дод. Ҳолати санитарию экологии шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳолати санитарию экологии канали дериватсионии шаҳри Душанбе, шусташавии соҳили дарёи Кофарниҳон дар минтақаи иншооти обтозакунии канализатсионии шаҳри Душанбе, ҳолати соҳили дарёи Хонақо санҷида шуданд. Дар натиҷаи рейдҳои алоҳида ва муштараки сохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аз хатти муҳофизатии ҳавзаи дарёи Варзоб ва канали дериватсионии Варзоб – Душанбе 35 манбаъҳои ифлоскунандаи об (катҳои болои об, хаймаҳо, ҳаммому оғилхонаҳо) вайрон карда шуда, барои риоя накардани меъёрҳои санитарию экологӣ шахсони мутасаддӣ ҷарима баста шуданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






