ҶАЛАСАИ АВВАЛИНИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВИИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ МАЛАХ

Март 5, 2010 17:31

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 5  марти  соли  ҷорӣ  дар  Вазорати  кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таҳти  раёсати    вазири   кишоварзӣ Қ.Қосимов   оид ба омодагӣ  барои  пешгирии  паҳншавии  малах ва ташкили  мубориза ба  муқобили он маҷлиси   аввалини  ситоди  ҷумҳуриявӣ  баргузор  гардид. Дар  маҷлиси  ситод сардори  корхонаи  ҷумҳуриявии  воҳиди давлатии  «Мубориза бар  зидди малах» Қиёмиддин  Ғаниев  оид ба  гузаронидани  мушоҳидаҳои  тирамоҳӣ  ва  аввали  баҳорӣ  дар  ҷойҳои  тухмгузории  малах,  ҷамъоварии  дорупошакҳои  дастӣ  ва омодагии  техника  барои гузаронидани  коркарди   кимиёвӣ  дар назди  ҳозирин  маълумот  дод. Қайд  карда  шуд, ки  барои  пешгирии  паҳншавии малах,  касалиҳо  ва  ҳашароти  дигари зараррасони  зироат  соли гузашта аз  тарафи  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  маблағи  4  миллион  сомонӣ  ҷудо  карда шуд. Аз  ҳисоби  ҳамин маблағ  барои  муборизаи  зидди  ҳашароти   зараррасон, махсусан  малах   ба  миқдори  7095  литр  заҳрҳои   химявӣ, 2  ҷуфт дорупошаки  ОВХ – 28  ва  дигар  маводи лозима  харидорӣ  гардида, ба  минтақаҳои  ҷумҳурӣ  баҳри  эмин  нигоҳ  доштани  зироат  аз  ҳашароти  зараррасон  сарф  карда  шуд. Инчунин   соли гузашта  дар  майдони 25046  гектар   коркарди  кимиёвӣ  гузаронида шуд, ки  аз  ин 10865  гектар  токзор мебошад. Аз  масоҳати  1043244  гектар   майдони  паҳнгаштаи  малахҳо   дар  масоҳати  93268  гектар   коркард  гузаронида шуд ва  бо  гузаронидани  ин  амалиёт  маводҳои  кишоварзӣ   аз  зараррасонҳои  зироати   кишоварзӣ  эмин  нигоҳ дошта  шуданд. То  1  марти соли   ҷорӣ   дар  майдони 275,2  ҳазор гектар  ҷойҳои  эҳтимолии  тухмгузории  малах  мушоҳидаҳо  гузаронида   шуданд.  Дар   натиҷаи   мушоҳидаҳои    олимону  мутахассисони  соҳа   дар  майдони  149,6  ҳазор  гектар  ҷойҳои  тухмгузории  малах  муайян  карда шуд. Сипас  сардори  «Муассисаи  давлатии   муҳофизати  растаниҳо  ва  химикунонии  кишоварзӣ» Муродов  Юсуф  оид ба  захираи   заҳрҳои  кимиёвӣ,  сӯзишвории  дизелӣ,  дорупошакҳои  дастӣ ва  либосҳои  муҳофизавӣ  барои гузаронидани   чорабиниҳои  мубориза бар  зидди   малах  дар  соли  2010  дар назди  ҳозирин  фикру  андешаҳои  худро  иброз  намуда,  қайд  кард, ки  имсол  низ  барои  мубориза  бар зидди  ҳашароти  зараррасон  аз  тарафи  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  маблағ  ҷудо  гардида  бошад,   ҳам  вале  то имрӯз онро  Вазорати  молия  ба  суратҳисоби  корхона  нагузаронидааст.  Ҳамзамон   баҳри  ҳифзи  растаниҳои  соҳаи  кишоварзӣ  тамоми  чораҳо  андешида  мешавад.  Новобаста  аз  мушкилоти  мавҷуда  мутахассисони  соҳа  вазифадор  карда  шудаанд, ки баҳри  мубориза ба  муқобили малах  ва  дигар ҳашароти  зараррасони  соҳаи  кишоварзӣ  тамоми  чораҳои  заруриро  андешанд.

Март 5, 2010 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!