15 ШИРКАТИ ТУРИСТИИ ҶУМҲУРӢ БА БЕРЛИН МЕРАВАНД
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Рӯзҳои 10-13 марти соли равон дар шаҳри Берлини Германия намоишгоҳи анъанавии туристии ITB-Берлин-2010 баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар кори ин намошгоҳ бори сеюм бо ташаббуси Кумитаи мазкур ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ширкатҳои туристии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Ёдрас мешавем, ки ҳамасола дар ин намошгоҳ наздики 170 кишвари олам ва садҳо ширкатҳои туристии ҷаҳон бо ташкили гушаҳои алоҳида иштирок менамоянд. Барои иштироки фаъолона ва муаррифии харҷи беҳтари захираҳои туристии Тоҷикистон имсол барои иштирок дар намоишгоҳ наздики 15 ширкатҳои туристии ватанӣ, ки аъзои ассотсиатсияи рушди туризми Тоҷикистон мебошанд, ҷалб гардидаанд ва бо воситаи онҳо ширкатҳои дигари туристии кишвар маводҳои таблиғотии худро ба ин намоишгоҳ мефиристанд. Ҳамзамон соли ҷорӣ ба кори ин намоишгоҳ бори аввал ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» ҷалб гардидааст. Дар доираи рӯзҳои баргузории намоишгоҳ бо ташаббус ва мусоидати Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия Имомиддин Сатторов баргузории нишасти матбуотӣ ва муаррифии барномаи «Тоҷикистон кишвари туризм» бо иштироки роҳбари ҳайат раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов пешбинӣ гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






