АКНУН ТО ХУҶАНД БЕПУЛ РАФТА НАМЕТАВОНЕМ

Март 31, 2010 08:58

Душанбе,  31 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз  дар  километри  10 – уми  роҳи  мошингарди Душанбе – Хуҷанд  баъди  посгоҳи  «Чорбоғ»  маросими  ифтитоҳи  роҳи  пулакии  мошингарди «Душанбе – Хуҷанд — Бӯстон – Чаноқ»  баргузор  мегардад.  Дар ин бора  сардори  Раёсати  умумии  сохтмони  роҳҳои  вазорати нақлиёт  ва  Алоуддин  Аноятшоев  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод. Дар  маросими  ифтитоҳи  роҳи  пулакӣ  вазири  нақлиёт  ва  алоқа  Олимҷон  Бобоев,   намояндагони  ташкилоту  идораҳои  дигари  дахлдор  ва  ташкилотҳои  роҳсозии  хориҷӣ  ширкат  меварзанд. Роҳи  мошингарди «Душанбе – Хуҷанд — Бӯстон – Чаноқ»   дар  доираи  барномаи  тармиму  таҷдиди  роҳҳои  мошингарди  мамлакат  аз нав  барқарор  карда  шуд. Маблағи  умумии  тармими  роҳи  мазкур  295   миллиону  900  ҳазор  доллари  ИМА – ро ташкил  дод.  Аз  ин  маблағ  281  миллиону  100  ҳазор  долларро  Бонки  содироту  воридоти  Чин  ва 14 миллиону  800  ҳазор  долларрро  Ҳукумати  Тоҷикистон   ҷудо  намуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  акнун ҳар  ронанда  мувофиқи  навъи  нақлиёт  барои  интиқоли  молу  мусофирон  то  шаҳри  Хуҷанд  ва  сарҳади  Ӯзбекистон  маблағи  муайян   мепардозад.

Март 31, 2010 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад