АКНУН ТО ХУҶАНД БЕПУЛ РАФТА НАМЕТАВОНЕМ
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар километри 10 – уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд баъди посгоҳи «Чорбоғ» маросими ифтитоҳи роҳи пулакии мошингарди «Душанбе – Хуҷанд — Бӯстон – Чаноқ» баргузор мегардад. Дар ин бора сардори Раёсати умумии сохтмони роҳҳои вазорати нақлиёт ва Алоуддин Аноятшоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Дар маросими ифтитоҳи роҳи пулакӣ вазири нақлиёт ва алоқа Олимҷон Бобоев, намояндагони ташкилоту идораҳои дигари дахлдор ва ташкилотҳои роҳсозии хориҷӣ ширкат меварзанд. Роҳи мошингарди «Душанбе – Хуҷанд — Бӯстон – Чаноқ» дар доираи барномаи тармиму таҷдиди роҳҳои мошингарди мамлакат аз нав барқарор карда шуд. Маблағи умумии тармими роҳи мазкур 295 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод. Аз ин маблағ 281 миллиону 100 ҳазор долларро Бонки содироту воридоти Чин ва 14 миллиону 800 ҳазор долларрро Ҳукумати Тоҷикистон ҷудо намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки акнун ҳар ронанда мувофиқи навъи нақлиёт барои интиқоли молу мусофирон то шаҳри Хуҷанд ва сарҳади Ӯзбекистон маблағи муайян мепардозад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






