АМОНАТБОНК: ИМЗОИ СОЗИШНОМА ДАР АРАФАИ ҶАШН

Март 30, 2010 16:34

Душанбе, 30 марта. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯзҳо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷашни 125 — солагии ташкилёбиашро таҷлил менамояд. Санаи ташкилёбии яке аз бонуфӯзтарин бонкҳои ҷумҳурӣ Амонатбонк аз моҳи марти соли 1885, яъне аз рўзи ба фаъолият оғоз намудани нахустин хазинаи амонатгузорӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, рост меояд. Аз 1-уми декабри соли 1925 бошад, бонки мазкур ба ҳайси бонки давлатӣ то ба имрўз фаъолияти пурсамари худро дар тамоми самтҳои соҳаи бонкдорӣ амалӣ менамояд. 30 марти соли равон дар бинои «Амонатбонк», мулоқоти роҳбарияти бонк бо иштироки Раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова бо намояндагони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо доир гардид. Ҳайати намояндагони БТРА-ро Директории ҳайати БТРА оид ба маблағгузориҳо ба соҳибкории хурд Хэнри Рассел роҳбарӣ мекард. Мулоқоти мазкур дар доираи ҳамкориҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» бо БТРА доир гашта, дар вохўрии имўза лоиҳаи созишнома ҷиҳати маблағгузорӣ ба соҳибкории хурд аз ҷониби БТРА тавассути Амонатбонк мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар рафти мулоқот тарафайн ба ифоқа расида, аз омодагии худ дар мавриди ба имзо расонидани созишномаи мазкур ибрози назар намуданд. «Маҳз Амонатбонк бо шабакаи сартосарӣ ва фарогирӣ муассисаҳояш диққати роҳбарият ва мутахассисони бонки моро ҷалб намудааст. Аз ин рў мо омодаем бо ин бонки бонуфуз дар риштаҳои гуногун ҳамкорӣ дошта бошем», афзуданд дар баромадҳояшон намояндагони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, дар мулоқоти мазкур.

Март 30, 2010 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд