БА СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ ФАРҲАНГ КӮМАКИ МОДДӢ РАСОНИДА ШУД
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова.- Имрўз, 19 март, бахшида ба иди Наврўз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурўҳ собиқадорони меҳнати соҳаи фарҳанг кўмаки моддӣ, аз қабили орд, равған, шакар ва биринҷ расонид. Бояд қайд кард, ки собиқадарони меҳнат Карим Қурбонов, Бекназар Аҳмадов, Олим Неъматуллоев, Холмурод Шарипов, Қуйсин Азимова ва ғайра дар рушд ва пешрафти фарҳанги тоҷик ҳиссаи худро гузоштаанд. Дар умум 71 нафар собиқадорони меҳнати соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои пулӣ қадр гардонида шуданд. Ҳамчунин, муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати фарҳанг низ ба як гурўҳ собиқадорони меҳнат, ки дар тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг саҳми бузург гузоштаанд, кўмаки пулӣ расонидаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






