БЕНЁМИН БО ЛАҲҶАИ ТОҶИКӢ СУРУД МЕХОНАД
Бо фарорасии фасли баҳор ду тан аз овозхонҳои ҷавону машҳури эронию афғон Бенёмин Баҳодурӣ ва Валӣ Ҳиҷозӣ бо нахустсафари ҳунарӣ бо ташаббуси ширкати шоубизнес «Қиём интертеймент» ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар давоми ду рӯз дар яке аз бузургтарин кохҳои Душанбе — «Кохи Борбад» бо барномаи дилошӯби консертӣ дидори ҳаводорону созу сурудҳои худро, ки аслан ҷавонон ҳастанд шод гардониданд. Ҳар як суруду таронаҳои ин ду овозхони ҷавонро дӯстдорону ҳаводоронашон бо кафкӯбиҳои пурмавҷу бардавом, бо меҳру муҳаббат, самимият ва бо гулу гулдастаҳои тару тоза гарм истиқбол гирифтанд. Бояд зикр кард, ки Бенёмин Баҳодурӣ овозхони машҳури мусиқии попи эронӣ буда, 8 сентябри соли 1982 дар Теҳрон таваллуд шудааст. Аз даврони кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқу рағбати бештаре дошт. Дар синни 14-солагӣ ба шеъру мусиқӣ рӯ овард. Дар 19-солагиаш ба гитарнавозӣ ва эҷоди оҳангҳои марғуб оғоз намуд. Дар ин муддат дар чанд оҳанг ва таронаҳо бо дигар хонандагони мусиқии поп ҳамкорӣ дошт ва як албом бо номи «Гулҳои рангинкамон барои кӯдакон» сохт. Бенёмин ҳунари ҳирфаии овозхониро бо албоми «85» оғоз кард. Албоми «85» аввалин асари расмии овозхон аст. Ин албом ба сурати иттифоқи тавассути танзимкунандаи он аз даст рафт. Ва бо таронаи «дунё дигар мисли ту надоре» бо номи «Хотираҳо» албом интишор гардид ва ба хубӣ дар дили мардум ҷой гирифт. Ин оҳанги дилошӯб дар бозори мусиқии Эрон ва дар дигар ҷойе, ки дигар мусиқии маҷоз ҷое надошт ворид гардид. Албоми «88» дуюмин албоми Бинёмин буда, яке аз серхаридортарин албом дар таърихи мусиқии попи Эрон аст. Албоми «88» дар саросари ҷаҳон бо теъдодди беш 2 миллион нусха ба фурӯш рафтааст ва яке аз серхаридортарин албомҳои ин овозхони ҷавон аст. Бояд зикр кард, ки албоми «88» маҳбуби қалбҳои миллионҳо нафар мардумони форсизабон гардидааст. Зимни сафари ҳунарии Бинёмин ба Тоҷикистон хабарнигори АМИТ «Ховар» фурсат ёфт, то бо ин овозхони ҷавон сӯҳбате анҷом диҳад, ки алъон фишурдаи онро манзури хонандагони арҷаманд мегардонем: Бенёмин маънои исматон чист? Исми ман бардошти ибрӣ дошта, маънояш «писари ғамҳои ман» аст. «Писари ғамҳои ман» таллафузи таҳтуллафзист. Истилоҳан маънояш ғами зебо, ғаме, ки ба инсон нишот медиҳад. Шумо бори нахуст аст, ки ба Тоҷикистон бо сафари ҳунарӣ ташриф овардед. Мехостам бифаҳмам, ки таасуроти Шумо аз сарзамини Тоҷикистон ва мардуми он чӣ гуна аст? Қабл аз он, ки ба Тоҷикистон омадам, аз рӯи мутолиаҳоям иттилооте доир ба ин кишвар доштам. Ва зимни сафарам ба Тоҷикистон боз иттилооти бештаре гирифтам. Он чизе, ки дар ин сарзамин дидам ва мушоҳида кардам, аз он чизе ки қаблан доир ба Тоҷикистон иттилоъ доштам хеле беҳтар ва самимитару гармтар буданд. Бо сафари ҳунарӣ дар кадом кишварҳои дунё будед? Дар соли 2006 дар кишвари Суит (Шветсия) бо даъвати Вазорати фарҳанги ин давлат барои иштирок дар ҷашнвораи «Медолист» дар бахши мусиқӣ ба ҳайси овозхони форсизабон сафари ҳунарӣ доштам. Аввалин консерти ман дар хориҷӣ кишвар дар Суит баргузор шуда буд ва дар он ҷо маро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифта буданд. Сабаби то 10 маротиба ба таъхир афтодани нашри дуюмин албоми Шумо бо унвони «88» дар чист? Ягон сабаби хосе надошт. Бинобар мукаммал набуданаш имкон нашуд, ки саривақт интишор гардад. Зеро барои мукаммал гардидани ин албом боз як чанд таронаамро илова намудам. Аз ин рӯ, нашри албоми «88» ба таъхир афтод. Бо овозхонҳои бурунмарзии эронӣ ҳамкорӣ доред? Ҳамкории мустақиман надорам, вале хеле дӯсташон медорам ва ҳунари овозхониашонро меписандам. Ҷиҳати шинохти бештари овозхонҳои кишварҳои форсизабон –Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон чи бояд кард? Ба назари ман, бояд мудириятҳои муваффақи мухталиф, ки дар ҳавзаҳои мусиқии форсизабонон, аз ҷумла мусиқии поп фаъолият менамоянд, бояд барои анҷоми корҳое мусоидат намоянд. Мо метавонем танҳо дар ҳавзаҳои ҳунар пешниҳодҳое дошта бошем. Аз ҷумла, сурудани қитъаи таронаҳои форсӣ бо шеваи тоҷикӣ. Ин пешниҳодест, ки ман ба ҳайси як ҳунарманд метавонам матраҳ бикунам ба мудири барномаҳоям оқои Раҷабпур. Бадин минвол дигар овозхонҳо низ метавонанд ба мудирони барномаҳояшон чунин пешниҳодҳо кунанд. Бо ҳамин тарз метавон шинохти ҳар чӣ бештари овозхонҳои кишварҳои форсизабонро густурдатар кард. Бенёмин, барои чӣ дар барномаҳои консертии Шумо рақс истисно гардидааст? Ҳар чиз, ё раванд ё падида дар канори худ чизи муносибу мувофиқро ҷой медиҳад. Тасаввур намоед, ки дар канори ранги сурх ё сабз, ки ба ҳадаф мувофиқ аст, ранги сиёҳ ё зард, ки таровату шукӯҳи ҳадаф ё манзараро коста мегардонад, ҷой дода шавад. Дар ҷодаи овозхонӣ низ чунин аст. Барои дар вуҷуди худ амиқ дарк кардани мусиқӣ гӯш нақши асосиро иҷро мекунад. Пеш аз оне, ки мо ба саҳна ё манзара менигарем, аввалан садои мусиқӣ ба гӯшҳоямон қабул месозем. Ба фикри ман тавассути гӯш тамоми хосагӣ ва нозукии садои мусиқиро дарк менамоем. То ҷое мусаллам аст албомҳои Шумо бо номи сол –«85», «88» номгузорӣ шудаанд, чӣ ҳадаф аст? Албоми нахустинам, ки «85» ном гирифтааст, соли 1384 мунташир шуд ва Наврӯзи соли 1385 ба дасти мардум расид. Аслан номгузории албомҳо далели печидае надоранд, аммо далели хос дошт. Мо сайъ кардем, ҳамаи он чизҳое, ки мусиқиро аз асли он дур мекунад, камранг бикунем ва оҳангҳо оҳанги мусиқии худро нишон бидиҳанд. Исми печида барои як албом ё як оҳанг асли моҷароро камранг мекунад. Асли моҷаро мусиқӣ ва шеър аст, ва бояд ба шеър дида шавад. Аз ин рӯ, барои албомҳо исми соддае интихоб кардем, ки албатта вижа буд. Бенёмин, сафари Шумо ба Тоҷикистон мебоист дар моҳи сентябр баъд аз иди шарифи Рамазон сурат мегирифт. Ва тибқи баъзе манбаъҳо Раҳбари муаззами Инқилоби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Хоманаӣ ба сафари ҳунарии Шумо ба Тоҷикистон аввал иҷозат надоданд. Сабабаш чӣ буд? Ман дар ҷодаи овозхонӣ танҳо рисолати худамро анҷом медиҳам, яъне овозхонӣ дар рӯи саҳна. Дигар корҳо, масалан сафарҳои ҳунарӣ, ташкили барномаҳои консертӣ ва дигар корҳои маъмурӣ ба дӯши мудири барномаҳои ҳунарии ман- Оқои Мӯҳсини Раҷабпур вогузор аст. Хуб мешуд ба саволи Шумо худи оқои Раҷабпур посух мегуфтанд. — Мӯҳсини Раҷабпур: -Роҳбарони маънавии мо хеле хурсанд мешаванд, агар овозхонҳои эронӣ дар кишварҳое, ки решаи форсӣ доранд, ба мисли Тоҷикистон барномаҳои консертӣ баргузор намоянд. Ман бар он ақидаам, ки масъулини Эрон фаъолияти моро дар саросари дунё пайгирона дастгирӣ мекунанд. Ман дар аксари кишварҳои дунё, ки дар онҳо мардумони форсизабон кору зиндагӣ менамоянд, бо овозхонҳои эронӣ барномаҳои консертӣ намоиш додам ва басо хушҳолам, ки бо овозхони ҷавон Бенёмин қабл аз сафари ҳунарияш ба Лондон, нахуст ба кишвари форсизабони Тоҷикистон сафар кард. Агар касе дигар мебуд, маслиҳат медод, ки аввал ба Лондон ё Лос-Анҷелес сафари ҳунарӣ кунад, баъдан биёяд ба Душанбе. Ман хеле хушҳолам, ки ки пас аз таваққуфи чандсола барномаи консертии Бенёминро дар Тоҷикистон доир кардем. Чунки қаблан теъдоди қитъаҳои Бенёмин барои иҷрои консерт кам буд. Зеро албоми «85» камтар аз як соат қитъабандӣ шудааст. Иҷрои консерт инчунин, таркибӣ мешавад, ки ман чунин консертҳоро дар саросари дунё мепазирам. Ман ниҳоят хушҳолам, ки қабл аз сафари ҳунарӣ ба кишварҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон, ки кишвари форсизабон аст консерт намоиш додем. Бо таронаҳои тоҷикӣ ва овозхонҳои тоҷик ошноӣ доред? Бештар бо шеъри форсӣ-тоҷикӣ ошноӣ дорам. Зимни сафарам ба Тоҷикистон, ки бо гуиши тоҷикӣ ошно шудам ва дар оянда ният дорам, ки як қитъа таронаи таснифӣ бо шеваи тоҷикии забони форсӣ сароям. Ва қавл медиҳам, ки таронаҳои ҷолиб хоҳад буд. Мусоҳиб, Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»