БОЗ ЯК ИҚДОМИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Боз як маъракаи харидории саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқии обии Роғун аз ҷониби кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва марказҳои ҷумҳуриявии клиникии тобеи вазорат сурат гирифт. Тавре аз раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати тандурустӣ хабар доданд, маблағи якрӯзаи саҳмияҳои харидоригардида 157 600 сомониро ташкил медиҳад. Аз оғози маъракаи харидории саҳмияҳои НБО-и Роғун кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи қариб 40 миллион сомонӣ саҳмияҳоро харидорӣ намудаанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ин иқдоми охирин набуда, кормандони соҳаи тандурустӣ дар оянда низ чунин корро давом хоҳанд дод, иттилоъ дод манбаъ.