Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд

Январь 3, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи татбиқи стратегияи чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръати мамлакат ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022–2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд корхонаи таъмири трансформаторҳо – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Неруи Истиқлол» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсолии корхона аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ васлу насб шудаанд. Ин таҷҳизот имконият фароҳам меорад, ки корҳои таъмир ва барқарорсозии трансформаторҳо бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ анҷом дода шаванд.

Дар марҳилаи аввал фаъолияти корхона дар як баст ташкил гардида, 6 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Ҳамзамон вобаста ба зиёд намудани ҳаҷми фармоишҳо ва тавсеаи иқтидор дар оянда таъсиси ҷойи нави кор низ дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои масъулин, иқтидори истеҳсолии корхона таъмири то 8 трансформаторро дар як моҳ ташкил медиҳад. Ин иқдом ба беҳтар гардидани хизматрасонии техникӣ дар соҳаи энергетика, таъмини фаъолияти мунтазами шабакаҳои барқӣ ва коҳиши хароҷот вобаста ба ирсоли таҷҳизот барои таъмир ба хориҷи мамлакат мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар рушди иқтисодиёти маҳаллӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон минбаъд низ ташаббусҳои соҳибкорони ватаниро дар самти рушди саноат, таъсиси иқтидори нави истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Январь 3, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд