БУНЁДИ БОҒҲОИ НАВ
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – То 1 марти соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои мамлакат дар масоҳати 4595 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ду баробар зиёд мебошад. Дар боғҳои нав миқдори хеле зиёди ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва субтропикӣ шинонида шуд. 454 гектар боғи нав дар қитъаи заминҳои лалмӣ бунёд карда шуд. Аз аввали соли равон то имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ 220 токзори нав бунёд карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар мебошад. 94 гектар токзор дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шуд. Ғайр аз ин дар масоҳати 158 гектар боғ ва дар масоҳати 9 гектар токзорҳои кӯҳна барқарор карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






