ДОНИШҶӮИ НАШЪАФӮРУШ ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Аз дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар Душанбе дар рафти корҳои тафтишотӣ аз тарафи кормандони агентӣ, донишҷӯи курси 1-уми Донишкадаи ҳуқуқ ва андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 1 килограмму 0,94 грамм афюн дастгир шуд. Баъдан дар натиҷаи кофтукови хонаи иҷораи донишҷӯи нашъафӯруш 38 килограмму 110 грамм афюни истеҳсоли Афғонистон ёфт шуд. Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда 39 килограмму 204 граммро ташкил медиҳад. Айни ҳол, барои дастгир кардани шарикони ӯ тадбирҳо андешида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






