ХОҶАГИҲОИ ДЕҚОНӢ БА КИШТ ОМОДААНД

Март 31, 2010 09:47

Душанбе, 31 март.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ то 10 – уми марти соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 14 ҳазору 552 тракторҳои гуногунтамға нигоҳ дошта мешаванд, ки аз онҳо  9155 адад ё 64 фоизашон дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. Омодагии тракторҳо ба корҳои саҳроӣ нисбат ба ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон (60 фоиз), ноҳияҳои Варзоб – 43, Файзобод – 46, Турсунзода – 49, Шаҳринав – 55 ва Ваҳдат 57 фоиз кам мебошад. Аз 2893 адад тракторҳои шудгоркунанда 1765 – тои онҳо ё 61 фоизашон ба  шудгор ва кишти баҳорӣ омодаанд. Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон 55 фоиз, ноҳияҳои Роғун- 29, Ваҳдат – 42, Турсунзода – 44, Шаҳринав – 46 ва Тоҷикобод 57 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2009 беҳтар аст. Таъмири тракторҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба корхонаҳои кишоварзӣ дар сатҳи хубтар ташкил карда шудааст.

Март 31, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд