ИСТЕҲСОЛИ ТУХМ АФЗУН МЕГАРДАД
Файзобод, 31 март.(Амит»Ховар», Зебо Давлатова)-Зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ»Ховар» директори ҶСК «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод Маҳмадалӣ Одинаев иттилоъ дод,ки дар соли ҷорӣ 9 миллиону 683 ҳазор дона тухм аз ҷониби корхона ба аҳолӣ фурӯхта шуд.Аз моҳи март сар карда паррандапарварон ба заҳб намудани мурғони калонсол оғоз намудаанд,ки айни замон 6 тонна гӯштро ташкил медиҳад.Арзиши фурӯши гӯшт нисбат ба мурғҳои аз хориҷи кишвар воридгардида хеле арзон аст. Маҳмадалӣ Одинаев афзуд,ки дар ҶСК»Мурғи ҳилол» 320 нафар коргарон бо кори доими ва зиёда аз 100 нафар ба таври шартномавӣ меҳнат карда истодаанд,ки музди меҳнати миёнаи коргарон 462 сомониро ташкил медиҳад.Мутахассисони соҳа бошанд аз 600 то 1500 сомонӣ маош мегиранд.Аз 28 март то 11 апрел ба корхона ба миқдори зоо ҳазор адад чӯҷа ворид карда мешавад.Айни замон дар корхона 430 ҳазор Сар мурғи тухмдеҳ парвариш карда мешавад,ки ҳар рӯз ба миқдори 300 ҳазор дона тухм истеҳсол карда мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






