КИРО РАИСИ ПАЛАТАИ ПОЁНӢ ИНТИХОБ МЕКУНАНД?

Март 15, 2010 15:13

Душанбе, 15 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус,  аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Дар ҷараёни иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон,  Раиси Маҷлиси намояндагон, муовинони  он, раисони кумитаҳо ва комисияҳои Маҷлиси намояндагон интихоб карда мешаванд. Бояд зикр кард, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун палатаи поёнии доимоамалкунандаи парлумони касбии  Тоҷикистон 10 сол муқаддам таъсис дода шуда, аз 63 вакил иборат аст. Дар даъвати чорум 43 вакил намояндаи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон,  ва ду нафари аз дигар ҳизбҳои сиёсии мамлакат — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва 12 нафар вакилони ғайриҳизбӣ дар палати поёнии парлумони мамлакат намояндагӣ мекунанд.    

Март 15, 2010 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд