КИШТИ БАҲОРИИ ЗИРОАТҲО ДАВОМ ДОРАД

Март 10, 2010 10:05

Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба  маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 9 – уми марти соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – и ҷумҳурӣ дар майдони 34,9 гектар замин кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида шудааст, ки   29,4 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти ҳамин манба, соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009  6 ҳазору 324 гектар зиёд кишт карда шудааст. То имрӯз майдони кишти гандум ба 29 ҳазору 102 гектар расонида шудааст. Дар қисмати ҷанубии кишвар кишти барвақтии зироатҳои ғалладона давом дорад. Хоҷагиҳои ғаллакори ҷумҳурӣ ният доранд дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта бештар ҳосили гандум ба даст оранд.  

Март 10, 2010 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд