КОТИБИ ДАВЛАТИИ ИМА МАРДУМИ ТОҶИКРО БА МУНОСИБАТИ НАВРӮЗ ТАБРИК КАРД
Душанбе, 22 март. (АМИТ «Ховар»). — Аз сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз номи котиби давлатии ин мамлакат Хиллари Клинтон ба муносибати иди Наврӯз барқияи шодбош расид. Х.Клинтон дар барқияи худ халқи тоҷикро ба муносибати иди Наврӯз самимона табрик менамояд. Котиби давлатии ИМА дар барқияи худ аз номи Президент Барак Обама ва халқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба мардуми тоҷик хушбахтӣ, зиндагии фараҳмандона ва сулҳу оромӣ орзу менамояд. Ин иди қадима ба мо имкон медиҳад, ки анъанаҳои қадима ва пурғановати мардуми тоҷик аз нав барқарор карда шаванд. Ҳамаи хонаводаҳо бо дӯстонашон дар рӯзи ид якҷоя нишаста, расму оинҳои аҷдодии худро ба ҷо меоранд ва нақшаҳои ояндаи зиндагии худро таҳия месозанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи эҳтироми хамдигар ва бо назардошти манфиатҳои мутақобила ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунанд. Мо муносибатҳо ва ҳамкории худро бо роҳи таҳкими амнияти минтақа, таъмини вазъияти босубот, дастгирии тиҷорат ва ҳамкории фарҳангӣ торафт бештар ривоҷ медиҳем. Боварӣ дорам, ки мо якҷоя ояндаи мусолиматомез, демократӣ ва ободу озоди халқҳоямонро таъмин карда метавонем. Наврӯз муборак, гуфта мешавад дар барқия.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






