КУШТОРИ ҒАЙРИЧАШМДОШТ

Март 26, 2010 14:43

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Рӯзи 25 марти соли равон дар ҳавлии шахсии Ҷурахон Аҳмедови 69 сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ куштори ғайричашмдошт ба амал омад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ доданд, Юсуфҷон Аҳмедови 10 сола аз болои боми хона милтиқи шикории К-16 — ро ёфта, ҳангоми бозӣ кардан аз беэҳтиётӣ ба сӯи Аҳмадҷон Қаюмови  хурдсол тир холӣ мекунад. Дар натиҷа аз гирифтани ҷароҳати вазнин А. Қаюмов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Инчунин аз ҷои ҳодиса кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур як адад камони шикории қутраш 16 силсиларо дарёфт ва мусодира намуданд.  Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишоташ идома дорад.        

Март 26, 2010 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд