МАҶЛИСИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Март 12, 2010 15:36

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —   Аз  18  то  20  майи  соли  равон  дар  шаҳри  Душанбе  иҷлосияи  37 – уми  шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷии  давлатҳои  аъзои Созмони  конфронси исломӣ  баргузор  мегардад. Созмони  конфронси  исломӣ  соли  1969  бо  ташаббуси  Арабистони  Саудӣ  таъсис  ёфта  буд  ва  айни  ҳол 57  мамлакат,  аз  ҷумла, 6  мамлакати   собиқи  шӯравӣ — Озарбойҷон, Қазоқистон,  Қирғизистон,  Тоҷикистон, Туркманистон ва  Ӯзбекистонро  муттаҳид  менамояд. Тоҷикистон 1  декабри  соли 1992  ба  узвияти  созмон  қабул  гардида буд. Қароргоҳи  марказии он  дар   шаҳри  Ҷиддаи  Арабистони  саудӣ  воқеъ  аст. Забонҳои  кории ҷаласаҳои  созмон арабӣ,  англисӣ ва  фаронсавӣ  мебошанд. СКИ  дар   маҷлисҳои  СММ  мақоми  мушоҳид  дорад,   дар  шаҳрҳои  Ню – Йорк ва  Женева  намояндагиҳои  он  фаъолият  доранд. Ҳадафи  фаъолияти  созмон  вусъат  додани  ҳамкорӣ ва  ҳамдилии   мамлакатҳои   исломӣ,  мусоидат ба   барҳам  додани  нажодпарастӣ ва  мустамликадорӣ,   амалӣ  сохтани   тадбирҳои  зарурӣ  барои   таъмини  сулҳу  амнияти  байналхалқӣ  дар  заминаи  принсипҳои   адолат,  ҳамоҳанг  сохтани тадбирҳо  барои озод  кардан  ва   муҳофизат  намудани  ҷойҳои  муқаддаси   ислом, дастгирии  муборизаи  халқи  Фаластин ва  расонидани  кӯмак барои  барқарор  сохтани ҳуқуқи  қонунӣ  ва  озод  намудани  қаламрави он,  дастгирии  муборизаи   халқҳои  мусулмон  барои   ба  даст овардани  истиқлолият ва ҳуқуқҳои  миллӣ,  муҳайё  сохтани  шароити  зарурӣ барои   вусъат  бахшидани   ҳамкории  давлатҳои  аъзои  созмон  бо  мамлакатҳои  дигар   мебошад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   иҷлосияи  36 – уми  СКИ моҳи  майи  соли  2009  дар  Димишқ  баргузор  гардида  буд.

Март 12, 2010 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад