МАБЛАҒИ СУРАТҲИСОБИ «РОҒУН» ЧАНД АСТ?
Душанбе, 3 марта. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – Аз рӯи иттилои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисобҳои сохтмони НБО «Роғун» аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун», бо назардошти кӯмакҳои молиявӣ, ба якуми марти соли 2010 зиёда аз 755 миллион сомонӣ ворид гардида аст. Аз ин шумора, бақия дар суратҳисобҳои БДА «Амонатбонк» — 26 миллиону 886 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Ориёнбонк» — 139 миллиону 203 ҳазору 300 сомонӣ, ҶСК «Агроинвестбонк» — 113 миллиону 726 ҳазору 400 сомонӣ, ҶСП «Тоҷпромбонк» — 8 миллиону 220 ҳазору 400 сомонӣ, ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» — 15 миллиону 892 ҳазору 500 сомонӣ, ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» — 2 миллиону 440 ҳазору 400 сомонӣ, ҶСП «Фононбонк» — 2 миллиону 441 ҳазору 200 сомонӣ, ҶСК «Бонки Эсхата» — 3 миллиону 40 ҳазору 900 сомонӣ ва дар хазинадории Вазорати молия- 443 миллиону 576 ҳазору 47 сомонӣ маблағ, нигох дошта шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






