МАФРӮШ ЗАМИН, КИ ХОР ГАРДӢ…

Март 26, 2010 09:28

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои шӯъбаи пешгирии коррупсия, бо роҳбарии корманди Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Анвариддин Шарипов, қарорҳои раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 23 – юми октябри соли 2007 ва январи соли 2008 вобаста ба додани замин барои ташкил намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ ва бунёди боғ қалбакӣ карда шуда, дар ҳамин замина  Кооперативи бӯстонсарои «Қарияи Қамар» бо номи Аҳмадулло Идиев ташкил карда шудааст. Бо супориши А.Шарипов Аҳмадулло Идиев заминҳоро ба қитъаҳои муайян ҷудо намуда, ба шаҳрвандон мефурӯшад. Давлатхӯҷа Наимов ҳангоми фурӯхтани замини аз Аҳмадулло Идиев    харидааш ва  баҳри пинҳон доштани ҷиноят   иваз кардани 18 ҳазор доллар бо асъори миллӣ  (сомонӣ), ба даст афтод. Ҳоло кормандони тафтишотии Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ нисбат ба қаллобони заминфурӯш – мудири Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рӯдакӣ Равшанбой Мӯъминов, директори ҶДММ «Қарияи Қамар» Аҳмадулло Идиев, корманди Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Анвариддин Шарипов ва шаҳрванд Давлатхӯҷа Наимов бо моддаҳои 274 қ3 ва 340 қ2 – и КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода, тафтишот мебаранд.  

Март 26, 2010 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд