МАРКО ПОЛО КӮЧӢ МЕШАВАД
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи баҳисобгирии ахир, саршумори гӯсфанди нодири кӯҳии Марко Поло ду маротиба афзоиш ёфта, ба 24 ҳазор сар расидааст. Бино ба гуфти мудири шӯъбаи олами рустаниҳо ва ҳайвоноти Пажӯҳишгоҳи биологии Помир Худодод Ақназаров, дар солҳои қаблӣ ба минтақаи чорвопарварии ноҳияи Мурғоб миқдори зиёди хӯрокаи чорво ворид мешуд ва ҳайвоноти хонагӣ дар маҳали зисти мардум парвою парвариш меёфт. Алҳол чунин шароит вуҷуд надорад ва беш аз 50 ҳазор сар моли майда ва 25 ҳазор сар қутос, ки аҳолӣ барои худ парвариш ва нигоҳубин мекунад, майдони чарогоҳи гӯсфандони Марко Полоро хеле танг кардааст. Акнун ин ҳайвоноти нодир барои пайдо кардани хӯрока макони аввалаи ҷойи зисташро дигар карда, ба ҷойҳои дуртар мекӯчанд, ки дар натиҷаи тағйир додани ҷой ё аз бегиёҳӣ ё аз шикори хайвоноти дарранда нобуд мешаванд, ки сари ин масъала барои нобуд нашудани ин ҳавони нодир чорае бояд андешид, — мегӯяд Х. Ақназаров.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






