МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

Март 26, 2010 14:58

Душанбе,  26 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Вазирони  корҳои  хориҷии   мамлакатҳои  аъзои  Созмони аҳдномаи  амнияти дастаҷамъӣ 25  март дар  Маскав  нақшаҳои ояндаи  ҳамкории  мамлакатҳояшонро  роҷеъ  ба  баъзе  проблемаҳои  байналхалқӣ  муҳокима  намуданд. Аз  Тоҷикистон  дар  ин  мулоқот  муовини  вазири  корҳои  хориҷӣ  Маҳмудҷон  Собиров  иштирок  дошт. Иштирокчиёни  мулоқот  баъзе  ҷиҳатҳои  сиёсии  лоиҳаи  созишномаро  дар  бораи  таъмини  амнияти   мамлакатҳои  Аврупо,  баъзе  масъалаҳои  дорои  аҳамияти  байналхалқӣ  ва  вусъат  додани  фаъолияти  созмонро  бо назардошти  иҷрои  қарорҳои  қабулнамудаи  сарони  давлатҳо   муҳокима  намуданд.

Март 26, 2010 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид