НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛӢ
Душанбе, 26 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 25 март дар ҷумҳурӣ интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 номзад ба қайд гирифта шуда, 25 номзад узви палатаи болоии парлумони мамлакат интихоб гардид, ки 3 нафари онҳоро зан ташкил медиҳад. Ҷиҳати интихоби аъзоҳои палатаи болоии парлумони мамлакат 25 март дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе 5 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шуда буд. Рӯйхати аъзоёни интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум чунин аст: Ҳавзаи интихоботии № 1-Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон: Гулаёзов Шодихон Алидодхонович- сардухтури Беморхонаи марказии ВМКБ, Гуломшоева Қобиламо Коновна- раиси ноҳияи Рӯшони вилояти ВМКБ, Назриев Шамсмуҳамад Гулмуҳаммадович — сардори Муассисаи роҳҳои автомобилгард, Қодири Қосим- Раиси ВМКБ, Ҷангибеков Гулхоҷа-ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ. Ҳавзаи интихоботии № 2 Вилояти Суғд: -Абдуназаров Хисрав Насруллоевич- раиси шаҳри Панҷакент, Қоҳир Расулзода- раиси вилояти Суғд, Сатторова Матлуба Амонҷоновна- раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Холиқов Мумин Маруфович- раиси шаҳри Истаравшан, Ҷалилов Анвар Расулович- ҷонишини аввали Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд. Ҳавзаи интихоботии №3 Вилояти Хатлон:-Авзалов Ғайбулло- раиси вилояти Хатлон, Абдуллоев Ҳамид- раиси шаҳри Кӯлоб, Валиев Султон,- раиси ноҳияи Восеъ, Сабуров Мирзодавлат — раиси ноҳияи Панҷ ва Шоиддинов Фазлиддин директори Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев. Ҳавзаи интихоботии №4 шаҳри Душанбе: Убайдуллоев Маҳмадсаид раиси шаҳри Душанбе, Ғаниева Гулчеҳра Самиевна директори мактаби таҳсилоти умумии № 28 шаҳри Душанбе, Зувайдов Маҳмадсаид Маҳмудович — директори генералии ҶСК «Тоҷиксемент», Илолов Мамадшо-президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Саидов Нуриддин Саидович- ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҳавзаи интихоботии №5 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: Асоев Хайрулло Асоевич- директори генералии ҶСШК «Роғунгэсстрой», Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич- раиси шаҳри Турсунзода, Солиҳов Баҳридин Тоҷидинович -раиси ноҳияи Ҳисор, Фозилов Махсум- раиси ноҳияи Тоҷикобод, Қодиров Мансур Саломович — раиси ноҳияи Рӯдакӣ. Мавриди зикр аст, ки Маҷлиси миллӣ палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буда, 10 сол муқаддам таъсис дода шудааст. Ҳайати он аз 34 нафар иборат аст. 25 нафар узви Маҷлиси миллӣ тавассути интихобот аз ҷониби Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб карда мешаванд. 8 нафари дигар аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд. Чанде пеш дар ҷараёни баргузории иҷлосияи нахустини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид. Инчунин, нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба таври якумрӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






