ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ТОҶИКИСТОН 50 – СОЛА МЕШАВАД

Март 4, 2010 11:09

Душанбе,  4 март. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). – Соли  равон   ба ташкили     Палатаи савдо ва  саноати  ҷумҳурӣ  50  —  сол  пур  мешавад. Палатаи савдо ва  саноати  мамлакат  30  марти соли  1960  ташкил  ёфта  буд.  Ҳадафи  асосии  ташкили он   мусоидат ба  рушд ва тавсиаи   равобити  иқтисодии  Тоҷикистон  бо  мамлакатҳои  хориҷӣ, ривоҷ  додани   савдо  ва  афзун  гардонидани  истеҳсоли  маҳсулоти  саноат  дар  ҷумҳурӣ  буд. Раиси   Палатаи савдо ва  саноати ҷумҳурӣ  Шариф  Саид  зимни  сӯҳбат бо мухбири  АМИТ «Ховар»  зикр намуд, ки   палата  дар  давоми  50 соли  фаъолияташ  ба  мустаҳкам  намудани  равобит  ва  муносибатҳои  иқтисодию  тиҷоратии  Тоҷикистон  бо   мамлакатҳои  хориҷӣ  мусоидат  менамояд. Номбурда  зикр  кард, ки  ӯ ба  палата  аз соли  2003  инҷониб  роҳбарӣ  мекунад.   Ҳамон  сол  дар   анҷумани  4 – уми  палата  барномаи  доманадори  фаъолияти он   барои  солҳои  2004-  2008  қабул  карда  шуд. Тибқи  барнома   вусъат  додани  ҳамкории  амалӣ  бо  палатаҳои тиҷоратии  мамлакатҳои  дигар,  самарабахш  истифода бурдани   имкониятҳои  содиротии   мамлакатҳои  хориҷӣ,  иштирок дар   намоишгоҳҳо ва  конфронсҳои байналмилалӣ,  дар  мамлакат  ба  роҳ  мондани  истеҳсоли  маҳсулоти  бозоргир  ва ба   бозори  ҷаҳонӣ  баровардани он  ҳадафҳои  асосии  палата  муқаррар  карда шуданд. Ш.Саид  афзуд, ки   имрӯз  қариб  500 корхонаю  муассиса аъзои  палата  мебошад. Қайд  карда  шуд, ки яке  аз  самтҳои  асосии  фаъолияти   палата  ташкили   намоишгоҳҳо  ва  ярмаркаҳо  ба  шумор  меравад. Аз  соли  2004  то  2009   бо ташаббуси  Палатаи  савдо  ва  саноати Тоҷикистон  бештар  аз  156   намоишгоҳ  ва   ярмаркаҳои  гуногун  ташкил  карда шуданд. Дар  ин  муддат   ҳайатҳои  тиҷоратӣ  ва  соҳибкорони  Русия,  Украина,  Белорусия,  Озарбойҷон,  Арманистон, Қазоқистон,  Қирғизистон,  Чин,  Ҷопон, Британияи  Кабир, ИМА,   ҶФО,  Фаронса,  Канада, Белгия,  Финляндия,  Мексика,  Покистон,  Эрон, Ҳиндустон,  Миср, Афғонистон, ҳайатҳои намояндагони  СММ,  САҲА, Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия, бонкҳои мӯътабари  байналхалқӣ ва  ғайра ба  Тоҷикистон  ташриф оварданд. Қайд  карда  шуд, ки  Палата  бо   ширкатҳои  савдо  ва  саноати   бисёр  мамлакатҳои  ҷаҳон  муносибатҳои  ҳамкорӣ  дорад. Айни  ҳол  дар  12  мамлакати  ҷаҳон  40  намояндагии  палата кор  мекунад.  Шариф  Саид   дар  бораи  нақшаҳои  оянда   сухан  ронда,  изҳор  намуд, ки   соли  равон  дар  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин Намоишгоҳи  умумиҷаҳонии  «Шанхай ЭКСПО – 2010» баргузор  мегардад. Ҳукумати  Тоҷикистон  соли  2009  дар  бораи  иштироки  мамлакат  дар  ин   намоишгоҳ   қарор  қабул  карда буд.  Аллакай  барномаи  доманадори  иштироки   корхонаю  муассисаҳо  ва  тоҷирону  соҳибкорони тоҷик  дар  ин  намоишгоҳ  таҳия  карда  шудааст.  Дар  доираи он  ташкили  Рӯзи  миллии  Тоҷикистон  пешбинӣ  карда  мешавад.  Яке  аз  нақшаҳои  дигари ояндаи  фаъолияти  палата  дар  шаҳри  Душанбе  бунёд  намудани  толори  калони  намоишгоҳҳо  мебошад. Ш.Саид   гуфт, ки  палата  ҳанӯз  соли  2004  ба  Ҳукумати  шаҳр  пешниҳод  карда буд, ки  барои  сохтмони   маҷмӯи  биноҳои намоишгоҳ  қитъаи   замин  ҷудо  кунад.  То  ҳол  ба  ин  пешниҳод  ҷавоб  дода  нашудааст.  Қайд  карда шуд, ки  дар  шароити   бӯҳрони   шадиди  иқтисодию  молиявӣ  тиҷорат   барои  барқарор  сохтани  иқтисодиёт  ва  соҳаҳои  ёриррасони он  кӯмаки  калон  мерасонад.  Дар  робита   вазифаи  асосии   палата  ба  роҳ  мондани  истеҳсоли  молҳои  бозоргир  дар  дохили  мамлакат  ва  ба  бозори  ҷаҳонӣ  баровардани онҳо  мебошад,  гуфт  дар   хотима  раиси Палатаи савдо  ва  саноати  ҷумҳурӣ.  

Март 4, 2010 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд