РОҲИ ТУННЕЛ ТАРМИМ ШУД

Март 5, 2010 14:14

Душанбе,  5 март. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Чанд  рӯз  пеш   роҳи  туннели  Шаршар  дар  километри  67 – 68  — ум фурӯ рафт.  Сабаби  ин  боридани  борони  тӯлонӣ  мебошад. Мошинҳои  боркаш ба  воситаи  роҳи  давродавр ба  туннел  сар  дода шуданд. Сардори  шӯъбаи  Вазорати  нақлиёт  ва коммуникатсияи  ҷумҳурӣ  Владимир  Багуманов  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  мутахассисони   муассисаҳои роҳсозии  вазорат  намояндагони  ширкати  пудратиро  ба  маҳалли  воқеа  даъват  намуданд.  Онҳо барои тармими   қитъаи  фурӯрафтаи  роҳ  масолеҳи  зарурӣ  муҳайё  сохтанд. Айни  ҳол қитъаи  роҳ  пурра  тармим  шуд  ва рафту омади  нақлиёт   дар  ин  ҷо  мӯътадил  давом дорад. Инчунин  роҳҳои  даромаду  баромади туннелҳои «Истиқлол» ва  «Шаҳристон»  аз  барфу тарма  тоза  карда шуданд. Тавре  хабар дода шуда буд,   роҳи  мошингарди Душанбе – Хуҷанд  ба  воситаи туннели  «Истиқлол»  бо  сабаби  фуромадани  тарма   чанд рӯз  баста буд. Айни  ҳол рафту  омади  нақлиёт дар  роҳи  мазкур  барқарор  карда шуд. В.Багуманов  зикр  кард, ки   дирӯз  дар  километри  65 – уми  роҳи  самти  туннели «Истиқлол» боз  тарма  фуромад. Айни  ҳол  барои тоза  кардани роҳ  аз  тарма  тадбирҳо  андешида  мешаванд.

Март 5, 2010 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд