СЕ НАФАР ДАР ЗЕРИ ТАРМА МОНДАНД

Март 3, 2010 15:11

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, 2 марти соли равон ноболиғ Навбаҳори Маликбек, соли таваллудаш 1996 истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошим, қишлоқи Гармчашма, хонандаи синфи 8 мактаби таҳсилоти умумии рақами 35 ҳангоми фаромадани тарма дар қишлоқи мазкур дар зери он мондааст. Дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳотии Дарморахти ноҳияи Шуғнон вафот мекунад. Ҳамзамон дар мавзеи Гумбаки ҷамоати деҳоти Ванқалъа шаҳрванд Мусайрӣ Сафармамадов, соли таваллудаш 1976 ва ҳамсараш Мадина Қурбонҷонова, соли таваллудаш 1983 сокинони ноҳияи Шуғнон қишлоқи Патхор инчунин дар зери тарма монда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.  

Март 3, 2010 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд