СЕМИНАР ОИД БА ФАЪОЛИЯТҲОИ ОГОҲСОЗИИ АҲОЛӢ АЗ ХАТАРИ МИНАҲО

Март 26, 2010 11:51

Душанбе, 26 марта. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Аз 25 то 26 марти соли ҷорӣ, дар Душанбе, Барномаи огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳои зиддипиёдагард,  барои 24 нафар намояндагон дар Ҷамъияти Маъюбони Тоҷикистон, семинар  гузаронда истодааст. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Барномаи Рушди СММ хабар доданд, иштирокчиён дар мавзӯъҳои зерин оид ба самтҳои фаъолияти МТММ дар соли 2009, иҷроиши Аҳдномаи Оттава маълумоти заруриро дастрас намуданд. Инчунин, аз тарафи кормандони Барнома дар бораи оқибатҳои хатарнокии минаҳои зиддипиёдагард, муҳимоти натаркида ва бомбаҳои кассетӣ ба ҳаёти инсоният, таъсири марговар ва ҷароҳатпеша ба ҷисми инсон, боздоштани иқтисодиёт сессияҳо гузаронда шуда истодааст. Дар семинари дурӯза оид ба раванди гендерӣ дар Амалиёти Зидди Минаҳоро низ маълумоти мукаммал дода мешавад. Маводҳои маълумотӣ барои иштирокчиён тақсим карда мешавад ва нақшаҳои фаъолиятварзӣ барои соли 2010 ба масъулони барнома дар 24 ноҳия баррасӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки семинар баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва номатлубе, ки дар натиҷаи огоҳ набудани мардум аз хатар ва оқибату зарарҳои минаҳо ба вуҷуд меоянд, мусоидат мекунад. Иштироки фаъоли масъулони маҳаллӣ дар ин семинар ин инъикоси эътирофи онҳо дар баррасии маълумотҳо ба аъзоёни минтақаҳои зери хатари мина мебошад. Ин семинар бо ҷалби соҳаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, шӯъбаҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқуллода, иҷрокунандагони фаъолиятҳои огоҳсозӣ аз ҷониби бахшҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, маориф, ВАО, омӯзгорон ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти зерин аз тарафи Маркази Тоҷикистон оид ба Масъалаҳои Минаҳо (МТММ) бо мақсади дастгирии кўшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи мушкилоти минаҳо ба танзим дароварда шудааст.   

Март 26, 2010 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд