СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
Қӯрғонтеппа, 30 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии мамлакат дар ноҳияи Вахш барои муҳокимаи тадбирҳои мубориза ба муқобили малах ва ҳашароти зараррасони пахта семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ташкили семинар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Маркази ҷумҳуриявии пешгирии паҳн гардидани малах низ саҳм гузоштанд. Дар семинар зикр шуд, ки имсол паҳн гардидани малах дар ноҳияи Вахш эҳтимоли қавӣ дорад. Аз рӯи маълумоти мутахассисон, соли гузашта дар ин ноҳия ва ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон малах ва ҳашароти дигари зараррасон паҳн гардида буд. Соли гузашта барои несту нобуд сохтани малах дар 15 ноҳияи вилоят бештар аз 400 нафар сафарбар карда, қариб 14 ҳазор литр доруҳои химиявӣ сарф карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






