ТӮЙ ДАР ОСТОНАИ ИДИ НАВРӮЗ

Март 10, 2010 10:17

Душанбе, 10 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи иди ҳуҷастапаи  Наврӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  /«Тоҷикстандарт»/ дар мактаб -парваришгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ тӯйи суннатии 6 нафар тарбиятгирандагон ва тӯйи арӯсии 2 ҷуфт собиқ дастпарварони мактаб-парваришгоҳи мазкуро баргузор менамояд. Назар ба гуфти директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Давлаталӣ Ҳотамов,  иқдоми мазкур яке аз фазилатҳои ҳамидаи  мардуми мусулмон дар остонаи иди Наврӯзи бостон буда, он дар доираи дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонида мешавад. Бояд зикр кард, ки тайи чанд соли охир сарпарастии мактаб- парваришгоҳи мазкурро  Агентии «Тоҷикстандарт» ба ӯҳда дошта, дар арафаи иду ҷашнҳо кормандони Агентӣ аз ҳолу аҳволи тарбиятгирандагон хабар гирифта, ба онҳо кӯмаки моддӣ ва маънавӣ мерасонанд. Инчунин, аз вазъи саломатии бачаҳо, ҳолати хобгоҳҳо, шароити таълиму тарбияи онҳо воқиф гардида, ҷиҳати рафъи камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои  судманд меандешанд. Алҳол дар мактаб-парваришгоҳ 240 нафар тарбиятгирандаҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 58 нафар муррабияҳо, омӯзгорон ва хизматгузорон нигоҳубин менамоянд.

Март 10, 2010 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд